Ҳукми зиндон барои шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми қатли мубаллиғи ДИИШ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i24097-Ҳукми_зиндон_барои_шаҳрванди_Тоҷикистон_ба_ҷурми_қатли_мубаллиғи_ДИИШ
Додгоҳе дар шаҳри Маскав ахиран як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми куштани мубаллиғи гурӯҳи террористии ДИИШ ба зиндон маҳкум кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 05, 2017 12:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми зиндон барои шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми қатли мубаллиғи ДИИШ

Додгоҳе дар шаҳри Маскав ахиран як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми куштани мубаллиғи гурӯҳи террористии ДИИШ ба зиндон маҳкум кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин додгоҳ Азимҷон, шаҳрванди 26 - солаи сокини ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистонро ба иттиҳоми қатли Ҳоҷӣ Аҳлиддин, мубаллиғи гурӯҳи террористии ДИИШ ба шаш соли зиндон маҳкум кардааст.

 Гуфта мешавад, ки ин мубаллиғи ДИИШ қасд дошт бо ваъдаи пардохти 10 ҳазор доллар ба шарти рафтани Ҳоҷӣ Муҳаммад, бародари Азимҷон ба Сурия, ин ҷавони тоҷикро, ки дар яке аз марокизи тиҷории Маскав ба ҳамроҳи бародараш аз соли 2015 фаъолият мекард, ба доми фиреби худ гирифтор созад.

Бар асоси ин гузориш, ин мубаллиғи ДИИШ борҳо ҷавонони шоғил дар он маркази тиҷориро ба баҳонаи шунидани мавъизаҳои муҳими динӣ ба шаҳри Красногорск, дар атрофи Маскав бо худ бурда буд. Аз ин рӯ, Азимҷон барои наҷоти бародараш аз доми фиреби ин мубаллиғи ДИИШ ба ӯ пешниҳод кард, ки худ омода аст ҷойгузини бародараш шавад.

Мубаллиғи ДИИШ бо ин пешниҳод мувофиқат карда, асноди Азимҷонро барои хариди билети ҳавопаймо ба Туркия аз ӯ мегирад, вале ин шаҳрванди Тоҷикистон эълом мекунад, ки таҳти ҳеҷ шароите ба Сурия нахоҳад рафт.

Мушоҷираи лафзӣ миёни ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ба даргирӣ кашида мешаваду мубаллиғи ДИИШ бар асари латукӯб ҳангоми ҳодиса, пас аз муддате ҷони худро аз даст медиҳад.

Бо эъломи ҳукми маҳкумияти шаш соли зиндон барои ин шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми қатли ғайриамдии мубаллиғи гурӯҳи террористии ДИИШ, расонаҳои хабарии Русия ба шиддат ба ин ҳукм эътироз кардаанд.

 Ба навиштаи ин расонаҳо, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки муҷиби наҷоти бародараш ва теъдоди дигаре аз атбои Осиёи Марказӣ аз доми фиреби мубаллиғи гурӯҳи террористии ДИИШ шудааст, як фарди фидокор аст, ки бояд аз ӯ қадрдонӣ мешуд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки танҳо яке аз мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ ба исми Анӯшервон Азимов, сокини шаҳри Норак, мулаққаб ба Абуусомаи Норакӣ беш аз100 коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русияро ба узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ҷазб кардаву ба Сурияву Ироқ фиристодааст.