Октябр 06, 2017 20:56 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири дифои Узбакистон ба Тоҷикистон дар чанд рӯзи оянда

Вазири дифои Узбакистон барои аввалин бор дар тӯли 26 соли истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гузориши “Спутник”, генерал Абдусалом Азизов барои ширкат дар нишасти Шӯрои вазирони дифои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба Тоҷикистон меояд. Қарор аст, ӯ дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони дифои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мақомоти аршади низомии Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ кунад. Дар ин нишаст роҷеъ ба авзои марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон ва низ таъсири руйдодҳои ношӣ аз таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ бар амнияти минтақа баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Генерал Абдусалом Азизов, ки пеш аз ин дар симматҳои раиси пулиси шаҳри Тошканд, муовини вазир ва вазири умури дохилии Узбакистон фаъолият кардааст, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ бо ҳукми Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ба унвони вазири дифои ин кишвар мансуб шуд. Ин нахустин дидори вазири дифои Узбакистон аз Тоҷикистон аз замони истиқлоли ин кишвар аз Иттиҳоди Шӯравии собиқ хоҳад буд.