Иддаои нашрияи чинӣ дар бораи мушкилоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон
Як нашрияи чинӣ муддаӣ шудааст, ки сармоягузорони ин кишвар дар Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде, аз ҷумла қалобӣ ва нотавонӣ дар бозпасгирии манобеи молӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи хеш рӯбарӯ ҳастанд.
Ба гузориши сойти “Топ Тҷ”, нашрияи “South China Morning Post”, ахиран дар гузорише мушкилоти сармоягузорони ин кишвар дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Ба навиштаи ин нашрия, теъдоде аз сармоягузорони чинӣ мӯътақиданд, ки шарикони тоҷикашон манобеи молии ононро ҳангоми сохти корхонаҳои семент ва коркарди маъданҳо дар Тоҷикистон мусодира кардаанд.
Ҷӯ Байлин сармоягузори чинӣ муддаӣ аст, ки дар роҳандозии корхонаи семент дар ноҳияи Ваҳдат, 25 миллион доллар манобеи молии худро ҳазина кардааст, ки дар ниҳоят шарики тоҷикаш саҳоми молии ӯро мусодира карда ва дар пардохти маблағи иҷораи ин корхона низ ҳаққи ӯро нодида мегирад.
Келим Абдурейим як сармоягузори дигари чинӣ низ иддао кардааст, ки бо хариди як корхонаи маодин аз молики қаблии он ки шаҳрванди Русия аст, барои сохти 18 километр роҳ ва туннел ҳазинаи ҳангуфт кардааст, аммо мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи ин, ки фурӯши ин маркази тавлидӣ ба молики қаблии он дари соли 2005 иштибоҳ буда, ин маъданро мусодира кардаанд.
Ҳамчунин теъдоде аз вакилони мудофеи сармоягузорони чинӣ гуфтаанд, ки дар дифоъ аз ҳуқуқи муваккилонашон дар Тоҷикистон нотавон мондаанд.
Бо ин ҳол масъулони сафорати Чин дар Тоҷикистон ба нашрия “South China Morning Post” гуфтаанд, ки мубориза бо терроризм дар аввлавияти ҳамкориҳои ин кишвар бо Тоҷикистон қарор дорад, зиёнҳои иқтисодии Пекин дар баробари ин мавзӯъ, чандон муҳим нест.
Чин пас аз Русия дуввумин шарики муҳимми Тоҷикистон аст, ки 27 дарсади кулли воридоти Тоҷикистонро ба худ ихтисос дода ва мизони муомилоти тиҷории Пекин ва Душанбе дар соли 2016 ба 885 миллион доллар расидааст.