Октябр 09, 2017 14:12 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дорои босифаттарин роҳҳо дар Осиёи Марказӣ

Маҷмааи ҷаҳонии иқтисод, Тоҷикистонро беҳтарин кишвари Осиёи Марказӣ аз назари “сифати роҳҳо” муаррифӣ кард.

Ба гузориши равобити умумии Маҷмааи ҷаҳонии иқтисод (WEF), ин маҷмаа эълом кард, Тоҷикистон дар бахши “сифати роҳҳо” дар ҷаҳон, дар рутбаи 70 ҷой гирифт, ки беҳтарин ҷойгоҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Дар ин раддабандии ҷаҳонӣ, Қирғизистон дар рутбаи 109 ва Қазоқистон дар ҷойгоҳ 115 қарор гирифтанд.

Тибқи ин феҳрист солона ҳамчунин Тоҷикистон аз назари рақобатпазирӣ барои солҳои 2017-2018 аз миёни 137 кишвар дар ҷадвали умумӣ мақоми 79-ро касб кардааст.

Аз назари рушди зерсохтҳо ва бозори кор низ Тоҷикистон рутбаи 99-ро касб кард ва Қазоқистон ва Қирғизистон ба тартиб ҷойгоҳҳои 68 ва 109-ро ба даст оварданд.

Туркманистон ва Узбакистон дар ин феҳристи ҷаҳонӣ ҳузур надоранд.