Боздошти раиси як ширкати хусусӣ ба иттиҳоми қочоқи коло
(last modified Tue, 10 Oct 2017 05:25:36 GMT )
Октябр 10, 2017 10:25 Asia/Dushanbe
  • Боздошти раиси як ширкати хусусӣ ба иттиҳоми қочоқи коло

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти раиси ширкати “Сармад 2000” ба иттиҳоми қочоқи коло ба маблағи наздик ба ду миллион сомонӣ хабар дод.

Ба нақл аз Toptj, ин мақомот мегӯянд, ки Абдуҷалил Қаҳҳоров бо дасткории асноди гумрукӣ ва пинҳон кардани номи колои воридотии хеш, маҳсулоти санъатии сохти Чинро ба унвони нуриҳои кимиёвӣ бидуни пардохти боҷ вориди Тоҷикистон кардааст .

Фарди боздоштшуда аз тариқи гузаргоҳи марзии вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо Чин лавозими рӯзгор, либосу таҷҳизоти савтӣ ва тасвириро ба маблағи наздик ба ду миллион сомонӣ ба таври қочоқ ворид карда, аммо дар асноди расмии гумрукӣ ин колоҳо ба номи нуриҳои кимиёвӣ сабт шудааст .

Ҳамчунин раиси ширкати “Сармад 2000”, масири интиқоли колоро тағйир дода ва маҳсулоти ба таври қочоқ ворид намудаи хешро дар анборҳои ин ширкат дар ноҳияи Рӯдакӣ пинҳон кардааст .

Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кардааст, ки алайҳи Абдуҷалил Қаҳҳоров ва   шариконаш ба иттиҳоми қочоқи коло ба маблағи калон, парвандаи ҷиноӣ ташкил шуда ва ба ин қазия бидуни навбат расидагӣ хоҳад шуд .

Ҳуқуқдонон мегӯянд, дар сурати тайиди иттиҳоми раиси ширкати “Сармад 2000” ва ҳамдастонаш, ин афрод ба 5 то 10 соли зиндон маҳкум хоҳанд шуд .