Октябр 10, 2017 11:01 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду ҳунарманди театри ноҳияи Конибодом ба сабаби доштани риш

Ду нафар аз ҳунармандони театри ноҳияи Конибодом дар вилояти Суғд ба иттиҳоми доштани риш боздошт ва барои ироаи тавзеҳ дар ин маврид ба идораи полиси ин ноҳия мунтақил шудаанд.

Ба нақл аз Sugdnews, Зайниддин Орифӣ, сухангуи театри ноҳияи Конибодом гуфтааст, ки ахиран кормандони полис ду нафар аз ҳунармандони ин театрро, ки барои иҷрои нақш дар намоишномаи "Марги судхур" -навиштаи Садриддин Айнӣ, поягузори адабиёти ҷадиди тоҷик дар бораи торихи гузаштаи шаҳри Бухоро-риш гузошта буданд, боздошт ва бозҷуӣ кардаанд .

Ин ду ҳунарманд ба номҳои Хушнуди Дадо ва Фаррух Ваитов, барои иҷрои саҳнаҳое аз зиндагии мардуми шаҳри Бухоро дар сад соли қабл риш гузошта буданд, то тасвири он давронро бо ироаи нақши қорӣ Исмати Бухорӣ, аз судхурон машҳури он замон ва баҳси вай бо талаби мадориси мазҳабии ин шаҳр ба намоиш бикашанд.

Кормандони полиси Конибодом ба ин ду ҳунарманд гуфтаанд, ки дастур доранд, тамомии афроди ришдорро дар феҳристи вижае сабти ном кунанд ва ҷавонон набояд риш дошта бошанд ва ҳақ надоранд, дар амокини умумӣ бо ин аломати мазҳабӣ рафту омад кунанд .

Пас аз тавзеҳоти ин ду ҳунарманд, кормандони полис ваъда додаанд, ки ба зудӣ барои онон иҷозаи доштани ришро барои фаъолият дар театр содир хоҳанд кард ва бидуни доштани чунин мадраке, ин ҳунармандон дар оянда бо дарди сарҳои зиёде рӯ ба рӯ хоҳанд шуд .

Гуфта мешавад, ки театри ноҳияи Конибодом бо намоишномаи марги судхур, фарҳанги тоҷиконро дар ҷашнвораи ахири театрҳои хиёбонӣ дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон муаррифӣ кард ва иҷозатномаи ширкат дар ҷашнвораи ҷаҳонии соли оянда дар кишвари Словенияро ба даст овард .