Раҳмон ва Путин дар Сочӣ дидор мекунанд
Октябр 10, 2017 10:10 Asia/Dushanbe
Қарор аст, ки дар ин дидор раҳбарони Тоҷикистон ва Русия масоили муҳими минтақаро баррасӣ кунанд.
Ба иттилои Спутник, раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар шаҳри Сочӣ бо сарони кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков бо эъломи ин хабар гуфт, ки Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дидор хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки 10 — 12 октябр дар шаҳри бандарии Сочӣ нишасти Шурои сарони кишварҳои ҳамсуд баргузор хоҳад шуд.
Раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар ин нишаст ширкат нахоҳад кард.