Бозори “Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе баста шуд
(last modified Wed, 11 Oct 2017 06:34:45 GMT )
Октябр 11, 2017 11:34 Asia/Dushanbe
  • Бозори “Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе баста шуд

Бозори “Шоҳмансур”, яке аз машҳуртарин бозорҳои шаҳри Душанбе, ба дастури шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон баста шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, дар ҳоле ба фурӯшандагони ин маркази тиҷорӣ пешниҳод шудааст, ки барои кор ба бозори “Меҳргон” ва ё “Ховарон” бикӯчанд, ки маълум нест ба ҷойи ин маркази тиҷорӣ чӣ биное хоҳанд сохт.

Абдусаттор Ҷабборӣ, муовини аввали раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо таъйиди хабари баста шудани ин маркази тиҷорӣ, аз ин ки ба ҷойи ин бозор чӣ биное сохта хоҳад шуд, изҳори беиттилоӣ кард.

Пеш аз ин бозори машҳури “Шоҳмансур” яке аз марокизи муҳими ҷазби гардишгарони хориҷӣ низ ба ҳисоб меомад.

Ин макон бозори аслии фурӯши меваи хушк ё хушкбори Тоҷикистон буду дар миёни сокинони шаҳри Душанбе ба хотири зиёд будани воҳидҳои сабзавотфурӯшӣ, ба унвон “Бозори сабз” (Зелёний) низ шуҳрат дошт.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе чанд сол қабл ҳам иқдом ба интиқоли фурӯшандагони хушкбори бозори “Шоҳмансур” ба маркази тозатаъсиси “Меҳргон” карда буданд, ки ин кор бо истиқболи фурӯшандагон рӯбарӯ нашуд ва имрӯз аксари мағозаҳои ин маркази тиҷорӣ холӣ аз маҳсулот ва фурӯшанда аст.