Тасвиби тавофуқномаи дарёфти вом барои бозсозии роҳи Душанбе - Қурғонтеппа
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i24451-Тасвиби_тавофуқномаи_дарёфти_вом_барои_бозсозии_роҳи_Душанбе_Қурғонтеппа
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тавофуқномаи дарёфти вом барои бозсозии масири 90 километрии Душанбе-Қурғонтеппа, дар маркази вилояти Хатлонро тасвиб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 12, 2017 07:39 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби тавофуқномаи дарёфти вом барои бозсозии роҳи Душанбе - Қурғонтеппа

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тавофуқномаи дарёфти вом барои бозсозии масири 90 километрии Душанбе-Қурғонтеппа, дар маркази вилояти Хатлонро тасвиб кард.

Ба гузориши сайти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёт ва Ҷамшеди Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон қабл аз он ба пурсиши намояндагони маҷлис дар бораи ҷазби воми хориҷӣ барои бозсозии ҷодаи Душанбе – Қурғонтеппа посух доданд.

Ин ду мақоми давлатӣ таъкид карданд, барои амалӣ кардани тарҳи бозсозии ҷодаи Душанбе – Қурғонтеппа ба ҷазби 96 миллиону 300 ҳазор доллар сармоя ниёз аст, ки беш аз 67 миллион доллар саҳми Бонки Рушди Осиё, 12 миллион доллар кумаки Сандуқи тавсеаи созмони ОПЕК ва 17 миллион доллар низ саҳми давлати Тоҷикистон аст.

Бар асоси ин барнома, бозсозии ҷодаи Душанбе - Қурғонтеппа дар ду марҳала анҷом хоҳад шуд ва муҷрии ин тарҳ ширкати чинии “China Road Bridge Corporation” аст.

Ин ширкат қаблан масири Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Турсунзода то марзи Ӯзбакистон ва Айнӣ - Самарқандро бозсозӣ кардааст.

Дар ин миён ҷодаи Душанбе - Қурғонтеппа ба ғайр аз тармими ҷузъии бархе аз бахшҳояш дар 30 соли гузашта бозсозӣ нашуда буд ва акнун ҳукумати Тоҷикистон умедвор аст бо ҷазби кумакҳои молии хориҷӣ бозсозии ин ҷодаи аслиро ба поён бирасонад.