Вазирони кишварҳои арабӣ ва Осиёи Марказӣ дар Ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 16 Oct 2017 16:50:43 GMT )
Октябр 16, 2017 21:50 Asia/Dushanbe
  • Вазирони кишварҳои арабӣ ва Осиёи Марказӣ дар Ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон

Вазирони умури хориҷа ва иқтисодии 28 кишвари арабӣ, Осиёи Марказӣ ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон гирди ҳам омаданд.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии Авесто, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар ин ҳамоиш, бар зарурати кумаки кишварҳои ширкаткунанда барои эҷоди сандуқи вижаи ҷиҳати кумак ба кишварҳои исломии дар ҳоли тавсеа таъкид кард .

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ишора ба муноқишоти низомӣ дар минтақа гуфт, ин даргириҳо, ки дар ҳоли ҳозир дар Ховари Миёна ва Афғонистон идома дорад, натиҷаи аҳдофи худхоҳонаи бархе кишварҳо ва гурӯҳе аз террористҳои вобаста ба онҳост .

Дар поёни ин ҳамоиши якрӯза қарор аст, баёнияи муштараки мавсум ба баёнияи Душанбе содир шавад .