Октябр 17, 2017 10:10 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Раҳмон аз сармоягузории кишварҳои арабӣ дар Ғарб

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз кишварҳои арабӣ дархост кард, ба ҷойи сармоягузорӣ дар Ғарб ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таваҷҷуҳ дошта бошанд.

Ба гузориши “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон дар дувумин Ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе гуфт, кишварҳои арабӣ бояд дар иқтисоди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Ӯ гуфт, теъдоди зиёде аз кишварҳои арабӣ “маблағҳои триллионӣ”-и худро барои сармоягузорӣ дар Ғарб мавриди истифода қарор мидиҳанд, ҳол он ки агар панҷ то 10 дарсад аз ин манобеи молӣ дар иқтисоди кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистон сармоягузорӣ шавад, кумаки бузурге ба ин кишварҳо хоҳад буд. Раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои ҷазби сармоягузории кишварҳои арабӣ дар иқтисоди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ сандуқи вижаи молӣ таъсис шавад. Эмомалӣ Раҳмон сатҳи муносиботи Тоҷикистонро бо кишварҳои арабӣ мусбат арзёбӣ кард, аммо гуфт, саҳми кишварҳои арабӣ дар тиҷорати Тоҷикистон 1.5 дарсад аст, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо бисёр ночиз аст.

Дар дувумин Ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе вазирону муовинони вазирони умури хориҷӣ ва иқтисод, намояндагони бахши хусусии кишварҳои узви Иттиҳодияи араб, ҳайатҳои иқтисодии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ширкат карданд.