Октябр 17, 2017 11:32 Asia/Dushanbe
  • Мақоми фаронсавӣ: Мубориза бо ифротгароӣ набояд ҷидол бо Ислом бошад

Мушовири вазири умури хориҷии Фаронса дар Тоҷикистон гуфт, мубориза бо ифротгароӣ набояд ба ҷидол бо Ислом табдил шавад.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, Жан Кристофф Поссел, ки барои ширкату суханронӣ дар Ҳамоиши мубориза бо ифротгароӣ ва роҳҳои коҳиши гароиши ҷавонон ба ин гурӯҳҳо ба Тоҷикистон омада буд, дар шаҳри Душанбе гуфт, мубориза бо ин ҷараён набояд ба ҷидол бо Ислом табдил шавад, зеро ин масъала паёмадҳои пешбининопазир хоҳад дошт. Аз дидгоҳи ин мақоми фаронсавӣ, афзоиши фишор ба мусалмонон бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ба маънии нақзи яке аз нахустини аслҳои ҳуқуқи инсон, яъне озодии эътиқод аст. Ӯ таъкид кардааст, ки терроризм ба ҳеҷ як аз адёни илоҳӣ иртибот надорад ва бо саркӯбу зиндонӣ кардани афрод наметавон решаи ин падидаро хушконд. Мушовири вазири умури хориҷии Фаронса афзуд, барои ҷалби афрод ба гурӯҳҳои ифротӣ аз равишҳои мухталиф истифода мешавад, ки фаъолияти мубаллиғони ин гурӯҳҳо, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, зиндонҳо, масоҷид ва дӯстиҳои ҷавонон бо якдигар аз ҷумлаи ин равишҳост.

Жан Кристофф Поссел бо ишора ба ҳамарз будани Тоҷикистон бо Афғонистон таъкид кардааст, шароити мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар Тоҷикистону Фаронса аз якдигар мутафовит аст ва ҳар кишвар бояд роҳкорҳои худро дар амри мубориза бо терроризм таҳия кунад.