Октябр 19, 2017 11:14 Asia/Dushanbe
  • Дархости истеъфои раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон

Шуморе аз намояндагони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хостори истеъфои раиси Бонки Миллии ин кишвар шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, теъдоде аз намояндагони маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дар нишасти ахири Парлумони ин кишвар таъкид кардаанд, ки агар дар кӯтоҳтарин замони мумкин бонкҳои ин ҷумҳурӣ натавонанд маблағҳои ба амонатгузоштаи мардумро ба онон баргардонанд, бояд Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ истеъфои худро эълом намояд.

Сйидҷаъфар Исмонзода, раиси Ҳизби демократ ва намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дар ин нишаст гуфтааст, ки бо вуҷуди ҳимояти ҳукумат аз ду бонки варшикастшудаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, ин ду маркази молӣ низ натавонистаанд пулҳои муштариёни худро пардохт кунанд ва ҳатто Бонки Миллии Тоҷикистон ба унвони нозир бар фаъолияти низоми бонкӣ, барои ҳалли мушкили мардум коре анҷом намедиҳад.

Вай аз боло будани суди вомҳои бонкӣ барои фаъолони бахши хусусӣ ба шиддат интиқод кардаву гуфтааст, ки пардохти ин дарсадҳои калон танҳо барои гурӯҳҳои мафияи маводи мухаддир дар кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ имконпазир аст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дар ин нишаст ба раиси Бонки Миллии ин кишвар ду ҳафта фурсат додааст, ки дар мавриди далоили пардохт нашудани маблағҳои мардум дар бонкҳо гузорише ироа кунад, зеро ин мавзӯъ эътимоди мардуми Тоҷикистонро ба бонкҳои ин кишвар коҳиш додаву ба дарди сари бузурге барои ҳукумату маҷлис табдил шудааст.

Беш аз як сол аст, ки ба далели буҳрони молӣ ва варшикаста шудани теъдоде аз бонкҳои Тоҷикистон, мардуми ин кишвар наметавонанд пулҳои ба амонатгузоштаи худро дарёфт намоянд.