Шаҳрванди Тоҷикистон гумонбар ба ҳамкорӣ бо ДИИШ
Октябр 21, 2017 15:44 Asia/Dushanbe
Полиси Русия як шаҳрванди тоҷикистониро ба иттиҳоми ҷазби нерӯ барои гурӯҳи террористии ДИИШ дастгир кард.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, додгоҳе дар шаҳри Октябрский, дар ҷумҳурии Бошқиристони Русия рӯзи ҷумъа эълом кард, Фарҳод Назаров ба иттиҳоми кумак ба гурӯҳҳои террористӣ дастгир шудааст.
Бар асоси ин гузориш, муттаҳами дастгиршуда бо истифода аз нармафзорҳои паёмрасони “Телеграм” ва “Ватсапп” аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳузур дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон узвгирӣ кардааст.