Шаҳрванди Тоҷикистон гумонбар ба ҳамкорӣ бо ДИИШ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i24802-Шаҳрванди_Тоҷикистон_гумонбар_ба_ҳамкорӣ_бо_ДИИШ
Полиси Русия як шаҳрванди тоҷикистониро ба иттиҳоми ҷазби нерӯ барои гурӯҳи террористии ДИИШ дастгир кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 21, 2017 15:44 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрванди Тоҷикистон гумонбар ба ҳамкорӣ бо ДИИШ

Полиси Русия як шаҳрванди тоҷикистониро ба иттиҳоми ҷазби нерӯ барои гурӯҳи террористии ДИИШ дастгир кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, додгоҳе дар шаҳри  Октябрский, дар ҷумҳурии Бошқиристони Русия рӯзи ҷумъа эълом кард, Фарҳод Назаров ба иттиҳоми кумак ба гурӯҳҳои террористӣ дастгир шудааст.

 Бар асоси ин гузориш, муттаҳами дастгиршуда бо истифода аз нармафзорҳои паёмрасони “Телеграм” ва “Ватсапп” аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳузур дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон узвгирӣ кардааст.