Октябр 21, 2017 18:47 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони нишасти тоҷирони Тоҷикистон ва Покистон

Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аз баргузории нишасти тоҷирони ин кишвар ва Покистон дар торихи 24 октябр дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин нишаст тавлидкунандагони таҷҳизоти сангину сабуки мошинолот дар заминаҳои мухталиф аз 2 кишвар ширкат хоҳанд кард .

Ширкаткунандагон дар ин нишаст таҷруба ва дониши худро дар заминаи тавлиди таҷҳизоти пизишкӣ  дандонпизишкӣ ва фанноварии энержӣ радду бадал хоҳанд кард .

Ҳадаф аз баргузории ин нишаст, тақвияти бозори Тоҷикистону Покистон, ҷазби сармоягузорӣ, эҷоди корхонаҳои муштарак ва эҷоди иштиғол унвон мешавад .

Созмондиҳии намоишгоҳи дастовардҳои тавлидкунандагони Тоҷикистон дар Исломобод ва тавлидкунандагони покистонӣ дар Душанбе, аз дигар меҳварҳои ин нишаст хоҳад буд .