Октябр 21, 2017 20:42 Asia/Dushanbe
  • Мирзиёев: Равобити Тошканд-Душанбе беш аз пеш тавсеа меёбад

Раисҷумҳури Узбакистон дар паёми табрики худ ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати бисту панҷумин солгарди барқарории равобити дипломатии байни 2 кишвар гуфт: Равобити дӯстонаи Тошканд ва Душанбе беш аз пеш тавсеа меёбад.

Шавкат Мирзиёев гуфт: Таи як давраи кӯтоҳи торихӣ мо тавонистем дар заминаи густариши беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷониба, натоиҷи қобили мулоҳизае ба даст оварем.

Раисҷумҳури Узбакистон изҳор дошт: Ҳамакнун байни Тошканду Душанбе, равобити наздику муассире мабнӣ бар усули тағйирнопазири ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва тафоҳум барқарор шудааст.  

Мирзиёев хотирнишон кард: Мубодилоти бозаргонии байни 2 кишвар рӯ ба рушд аст ва намоишгоҳҳои колоҳои санъатӣ ва нишастҳои иқтисодӣ ва бозаргонии муштарак ба таври муваффақ баргузор шудааст .

Вай идома дод: Ахиран парвозҳои мустақими байни Тошканду Душанбе аз сар гирифта шуд .

Мирзиёев таъкид кард: Имрӯз байни Узбакистону Тоҷикистон табодулоти фарҳангӣ ва инсонӣ ташдид шуда, ба хусус мардуми 2 кишвар аз баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар Тошканду Душанбе истиқбол карданд .

Вай изҳор дошт: Густариши беш аз пеши ҳамкориҳои муассир ва муштараки байни манотиқи марзии 2 кишвар дар тавсеаи равобити дӯстонаву наздики Узбакистону Тоҷикистон нақши муҳиме ифо мекунад .

Раисҷумҳури Узбакистон дар поёни паёми табрики худ барои раисҷумҳури Тоҷикистон саломатӣ ва барои мардуми ин кишвар сулҳ, рифоҳ ва шукуфоӣ орзу кард .