Октябр 22, 2017 11:14 Asia/Dushanbe
  • Раиси ширкати сӯхти Тоҷикистон дар боздошт аст

Раиси ширкати таъмини сӯхти мавсум ба "Умед 88" дар боздошт ба сар мебарад.

Ба гузориши сайти Ахбор, пеш аз ин бархе расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон гуфта буданд, Раҷабалӣ Одинаев дар пайи интиқоди шадиди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз вай, ба ҳамроҳи фарзандонаш ба хориҷ аз кишвар фирор карда ва эҳтимолан дар Дубай сокин аст.

Наздикони Одинаев гуфтаанд, вай билофосила пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бозпардохт накардани маблағи 170 миллион сомонӣ пули будҷаи ҳукумат, аз сӯи кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар боздошт шудааст.

Хонум Бадахшон Зардакова аз наздикони Одинаев ин хабарро таъйид ва таъкид кардааст, вай акнун дар боздоштгоҳи Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон таҳти бозҷӯӣ қарор дорад ва муҷаввизи мулоқот танҳо ба аъзои хонаводааш дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидори ахираш бо фаъолони бахши хусусии ин кишвар, таъкид карда буд, ки моликони ширкати "Умед 88" аз будҷаи давлат маблағи 170 миллион сомонӣ (муодили 20 миллион доллар) қарз гирифтаанд.

Ӯ бо баёни инки моликони ин ширкат пас аз гузашти чаҳор сол ҳанӯз ҳам ин пулро пардохт накардаанд, хостори посухгӯии онон дар ин замина шуд.

Наздик ба 700 маркази сӯхтгирӣ дар Тоҷикистон, ки бо бренди ширкати "Умед 88" фаъолият мекарданд, дар ҳоли тағйир тоблуҳои худ ҳастанд ва кормандони ин марказҳо номи ширкати ёдшударо ҳазф мекунанд.