Раҳоии 28 зани тоҷик аз бардагӣ дар Арабистони Саудӣ
Бо талоши сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Риёз аз оғози имсол 28 зан ва ҳафт марди тоҷик аз бардагӣ дар Арабистони Саудӣ раҳоӣ ёфтаву ба кишвари хеш баргаштаанд.
Ба гузориши сайти “Ахбор”, ин 35 нафар дар Арабистон дар шароити ногуворе фаъолият мекарданд, ки шабоҳати зиёде ба бардагӣ доштаву бо нақзи ҳуқуқи онон ва латукӯбу шиканҷаи корфармоён бидуни пардохти дастмуздҳо ҳамроҳ будааст.
Аз ҷумлаи заноне, ки аз шароити сахти кории хеш дар Арабистон шикоят карда буд, Нурбибӣ Мансурова, модари 15 фарзанд ва сокини ноҳияи Восеъ аст, ки ба муддати як солу ду моҳ бидуни пардохти ҳеч дастмузде маҷбур ба кор дар хонаи як сокини шаҳри Риёз шудааст.
Нурбибӣ Мансурова пас аз он ки шароити тоқатфарсои кораш дар Арабистонро дар шабакаҳои интернетӣ мунташир кард, бо талоши намояндагии Тоҷикистон дар Риёз озод шуд.
Занони озодшудаи тоҷикистонӣ аз бардагӣ дар Арабистон мегӯянд, ки шароити кори онон бо он чӣ ки дар қарордод бо ширкатҳои фиристандаи нерӯи кор ба хориҷ зикр шудааст, аз замин то осмон фарқ дорад ва дар Арабистон аз ин афрод ба унвони барда кор мекашиданд.
Дар пайи шикояти Нурбибӣ Мансурова, Сайидаҳмад Сангов, мудири 63 солаи ширкати “Имкон- 2015” боздошт шуд.
Ҳамчунин алайҳи масъулони се ширкати фиристандаи нерӯи кори Тоҷикистон ба Арабистон ба иттиҳоми интиқоли шаҳрвандони ин кишвар барои бардагӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.