Таъини ҷоиза барои ёфтани қотилони коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия
Пулиси Маскав чеҳраҳои ду гумонбари қирғиз дар қатли муҳоҷири 28-сола аз ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон Ёдгор Маҷидовро мушаххас кардааст.
Ба иттилои Ахбор, Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик гуфт, касе ки ба ёфтани ин ду гумонбар мусоидат кунад, 10 ҳазор доллар ҷоиза мегирад.
Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо нашри аксҳои ду нафари гумонбар дар куштори муҳоҷири 28-сола аз Тоҷикистон Ёдгор Одилҷонович Маҷидов аз ҳама барои ёфтани ин ду гумонбар, ки зодагони Қирғизистон будаанд, кумак хост.
Пулиси минтақаи Филии шаҳри Маскав бар асоси таҳқиқи наворҳои видеокамераҳои назоратии воқеъ дар атрофи маҳалли куштори Ёдгор Маҷидов – бозорчаи назди истгоҳи метрои Фили тавонистааст чеҳраи гумонбарон дар қатли муҳоҷири тоҷикро мушаххас кунад, вале боздошти онҳо ба пулис ҳанӯз муяссар нашудааст.
Маҷидов Ёдгор Одилҷонович, санаи таваллудаш 29 январи соли 1989, зода ва сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, дар шаҳри Маскав дар бозорчаи назди истгоҳи метрои Фили дар ғарби пойтахти Русия ҳаммолӣ мекард. 21 октябр ду нафар ба ин муҳоҷири тоҷик ҳамла оварда, ӯро бо зарби корд ба ҳалокат расонданд.