Октябр 24, 2017 10:24 Asia/Dushanbe
  • Авзои ногувори бонки “Агроинвестбонк”

Мудирияти “Агроинвестбонк” ба иллати мушкилоти молӣ 103 шуъбаи ин бонкро баста ва 75 дарсад аз нерӯи кори худро мурраххас кардааст.

Ба нақл аз Азия-Плюс, ин иқдом бо ҳадафи беҳбуди авзои ногувори молии “Агроинвестбонк” бар асоси тарҳи муштараки ин бонк бо Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон барои солҳои 2017 то 2019 анҷом мешавад .

Ҳамчунин ширкати молии байналмилалии Alvarez & Marsal низ дар ҳоли ироаи тавсияҳои худ ба мудирияти “Агроинвестбонк” ба манзури наҷоти ин ниҳоди молӣ мебошад .

Аз сӯи дигар, мудирияти “Агроинвестбонк” эълом кардааст, ки муштариёнаш метавонанд ҳар рӯз ба маблағи 500 сомонӣ аз пулҳои ба амонат гузоштаи худро бо истифода аз кортҳои бонкӣ бардошт кунанд.   

Бо коҳиши шадиди мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия, чаҳор бонки Тоҷикистон дучори буҳрон шуданд, ки иҷозатномаи фаъолияти “Тоҷпромбонк” ва “Фонобонк” лағв шуд .

Мизони қарзи ин бонкҳо барои пардохти қарзҳои хориҷӣ аз 25 дарсад дар соли 2014 ба 54 дарсад дар соли 2016 расид.

Ҳукумати Тоҷикистон пештар аз ҷазби сармояи хориҷӣ ва пазириши шартҳои Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилалии пул ва дигар ниҳодҳои молии минтақаӣ барои кумак ба чаҳор бонки варшикастаи ин кишвар худдорӣ мекард, зеро шарти умда барои дарёфти кумакҳои молии ин ниҳодҳо, иҷрои ислоҳоти иқтисодӣ ва таҷдиди назар дар низоми бонкии Тоҷикистон буд .