Октябр 24, 2017 13:30 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди давлати Тоҷикистон барои расмӣ шудани ҷашнҳои Меҳргон ва Сада

Ҳукумати Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст, ки Қонуни таътилоти расмиро ислоҳ карда 2 ҷашни дигар бар онҳо биафзояд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳукумати Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид"-ро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда, ки агар тасвиб шавад, ҳар сол 15 октябр ҷашни Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон ва 30 январ ҷашни Сада баргузор хоҳанд шуд.

Сада низ чун Наврӯзу Меҳргону Шаби ялдо яке аз ҷашнҳои бостонии ниёкони тоҷикон аст, ки панҷоҳ рӯз пештар аз фаро расидани Наврӯзу Соли нав ҷашн гирифта мешуд.

Дар солшумории ҳиҷрии хуршедӣ, ки дар Эрону Афғонистон расман ба кор меравад, Сада дар рӯзи 10-уми моҳи баҳман фаро мерасад, ки баробар бо 30 — 31 январ дар гоҳшумории милодӣ аст.

Меҳргон низ, ки дар тӯли торихи бостонии Эрон дар рӯзҳои мутафовите ҷашн гирифта мешудааст, акнун дар тақвими эронӣ рӯзи 16 меҳр баробар бо ҳаштум ё нуҳуми октябр сабт шудааст.

Ҳукумат ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки 26-уми октябр ҳар сол чун Рӯзи кормандони додгоҳ ҷашн гирифта шавад.