Дастовардҳои Тоҷикистон ва СММ дар 25 соли ҳамкорӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i24893-Дастовардҳои_Тоҷикистон_ва_СММ_дар_25_соли_ҳамкорӣ
Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон аз 25 соли ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи рушди ин созмон ибрози хурсандӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 24, 2017 13:21 Asia/Dushanbe
  • Дастовардҳои Тоҷикистон ва СММ дар 25 соли ҳамкорӣ

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон аз 25 соли ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи рушди ин созмон ибрози хурсандӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, Шаҳзод Авазов, мушовири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар арзёбии сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин созмон гуфт: «Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша бо ҳамкории судманд бо ҳама давлатҳо, ташкилот ва созмонҳои қудратманди байналмилалӣ, аз ҷумла сохторҳои муртабит бо Созмони Милали Муттаҳид барои рушди ин кишвар талош мекунад». Ӯ афзуд, дар ҳоли ҳозир барнома ва намояндагиҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Барномаи рушди ин созмон фаъолияти худро барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳо на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки то сатҳи маҳаллӣ низ пеш мебарад.

Шаҳзод Авазов, авлавияти Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистонро кумак ба ин кишвар барои расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва рушди устувор дониста афзуд, таҳия ва пазируфтани барнома ва стратегияҳо натоиҷи мусбате барои Тоҷикистон доштааст. Ӯ гуфт: «Оморҳо дар заминаи иқтисоди калон ва иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки пешрафтҳои зиёде ба даст омадааст, аз ҷумла фақр аз 53 дарсади соли 2007 ба 30/3 дарсад дар соли 2016 расида ва ҳукумат дар назар дорад, то соли 2030 барномаи мубориза бо фақрро дар ҷумҳурӣ идома дода, сатҳи онро то 20% коҳиш диҳад. Авазов коҳиши таваррум, афзоиши даромадҳо, беҳбуди буҷабандӣ, афзоиши тавлиди маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, афзоиши теъдоди корхонаҳои саноатӣ, сохти муассисаҳои омӯзишӣ, фарҳангӣ ва дармонӣ, коҳиши маргумири навзодон, модарон ва афзоиши таҳсилот дар макотибро, ки ба 93 дарсад расидааст, аз дигар муваффақиятҳои Тоҷикистон дар ҳамкории муштарак бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баршумурд.

Мақоми Созмони Милали Муттаҳид дар айни ҳол таъкид кард, бо вуҷуди пешрафтҳои ёдшуда  ҳанӯз мушкилоте, аз ҷумла фақр, камбуди энержӣ, маводи ғизоӣ, оби ошомиданӣ ва тағйироти иқлимӣ вуҷуд дорад, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои ҳалли он дар 15 соли оянда бояд иқдом кунанд.

 24-уми октябр Рӯзи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид аст.