Октябр 25, 2017 10:37 Asia/Dushanbe
  • Имсол дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ намешавад

Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” бо интишори паёме эълом кардааст, дар фасли сармои имсол дар ин кишвар лимити барқ ҷорӣ нахоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик”, ин амр ба иллати афзоиши тавлиди барқ дар ду нерӯгоҳи барқӣ- обии “Сангтӯда -1” ва “Сангтӯда-2” ва баҳрабардорӣ аз маркази гармоишии мавсум ба “Душанбе- 2” эълом шудааст, ки имкони таъмини энержӣ барои сокинони ин кишварро тайи 24 соат фароҳам месозад.

Дар паёми ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” таъкид шудааст, баҳрабардорӣ аз 350 нерӯгоҳи барқӣ- обии хурд дар ин кишвар низ барои таъмини барқи мавриди ниёзи мардум дар фасли сармо муассир будааст.

Ба иллати коҳиши мизони оби вурудӣ ба сади нерӯгоҳҳои барқӣ- обии Тоҷикистон ва оғози фасли сармо, имкони таъмини комили барқи мавриди ниёз дар ин кишвар вуҷуд надошт ва тайи шаш моҳ дар сол ба ғайр аз шаҳри Душанбе дар бақияи манотиқи ин ҷумҳурӣ интиқоли барқ маҳдуд мешуд.

Бар асоси ҷадвали танзимшуда, қаблан ҳамасола ба бахши хонагӣ дар навоҳии Тоҷикистон 10 то 12 соат дар шабонарӯз барқрасонӣ мешуд.

Дар ин миён танҳо дар вилояти Бадахшон ба иллати доштани зарфияти кофӣ дар нерӯгоҳҳои барқӣ- обии ин минтақа, ниёзе ба маҳдудияти интиқоли барқ дар фасли сармо вуҷуд надошт.

Чанде қабл Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд, имсол ва дар фасли сармо имкон дорад маҳдудияти барқ бардошта шавад.

Вай аз мардуми кишвараш хоста буд, ки дар масрафи барқ сарфаҷӯӣ кунанд ва бо ҳукумат дар заминаи таъмини ин навъи энержӣ ҳамкорӣ дошта бошанд.

 

Барчасп