Октябр 25, 2017 12:14 Asia/Dushanbe
  • Дарёфти қарз - иттиҳоми масъулони боздоштшудаи ширкати “Умед -88”

Яке аз иттиҳомоти ду масъули боздоштшудаи ширкати таъмини сӯхти мавсум ба “Умед- 88” дарёфт қарз аз ҷамъияти саҳҳомии хос (кушода)-и нерӯгоҳи барқӣ- обии “Роғун” эълом шуд.

Ба гузориши сайти Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Иброҳимов муттаҳам ба дарёфти қарз аз чанд бонк ва ниҳоди молӣ, аз  ҷумла ҷамъияти саҳҳомии хоси нерӯгоҳи барқӣ- обии “Роғун” ҳастанд.

Бар асоси гузориши ин ожонс, ду нафари ёдшуда ҳанӯз 171 миллион сомонӣ (муодили 20 миллион доллар)-ро бозпардохт накардаанд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, иттиҳоми ин ду нафар тасарруфи амволи давлатӣ, дарёфти ғайриқонунии қарз ва сӯиистифода аз вазифа мебошад.

Гуфта мешавад, дар муомилаи дарёфти ғайриқонунии қарз аз ҷамъияти саҳҳомии хоси нерӯгоҳи барқӣ-обии “Роғун”, Вазорати молияи Тоҷикистон ба унвони миёнҷӣ ширкат карда, ки ин амр муғойир бо қонун аст.

 Бо ин ҳол, як иқтисоддони тоҷик бидуни эъломи ном худ мутазаккир шудааст, ворид шудани Вазорати молияи Тоҷикистон ба ин муомила ғайриқонунӣ аст.

 Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ниҳодҳои давлатӣ бидуни пешниҳоди Ҳукумат ва тасвиби Маҷлиси намояндагони ин кишвар, ҳаққи эътои қарз аз будҷаро ба ширкатҳои хусусие монанди “Умед -88” надоранд.

 Аз ин рӯ, ширкатҳои хусусӣ танҳо бо таъйиди Ҳукумат ва маҷлиси Тоҷикистон ва низ мувофиқати Бонки Миллии ин кишвар метавонанд аз бонкҳои тиҷорӣ қарз дарёфт кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидори ахираш бо фаъолони бахши хусусии ин кишвар таъкид карда буд, ки моликони ширкати “Умед -88” аз будҷаи давлат 171 миллион сомонӣ (муодили 20 миллион доллар) қарз гирифтаанд.

Ӯ бо баёни ин ки моликони ширкат пас аз гузашти чаҳор сол ҳанӯз ҳам ин пулро пардохт накардаанд, хостори посухгӯии онон дар ин замина шуд.