Размоиши низомиёни рус дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 25 Oct 2017 08:27:23 GMT )
Октябр 25, 2017 13:27 Asia/Dushanbe
  • Размоиши низомиёни рус дар Тоҷикистон

Сарбозон ва афсарони мустақар дар пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон размоиши низомии худро оғоз карданд.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, ин размоиш то поёни ҳафтаи ҷории мелодӣ идома хоҳад дошт.

Ярослав Рапушкин, дастёри фармондеҳии нерӯҳои марказии Русия маҳалли баргузории размоиши низомиёни рус дар Тоҷикистонро минтақаи “Лоҳур” дар 40 километрии шаҳри Душанбе эълом кардааст.

Дар ин размоиш 500 нафар аз низомиёни рус бо истифода аз 100 адад абзори ҷангӣ, равишҳои мубориза бо душмани фарзиро дар манотиқи кӯҳистонӣ тамрин мекунанд.

Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон бузургтарин воҳиди Русия дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар аст.