Октябр 28, 2017 10:33 Asia/Dushanbe
  • Баррасии раванди иҷрои будҷа дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Дар нишасти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва бо ҳузури масъулони Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук раванди иҷрои будҷа тайи 9 моҳи соли ҷорӣ баррасӣ шуд.

Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, раиси Комиссияи умури иқтисодӣ ва молии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бахши даромади будҷа тайи 9 моҳи имсол 91, 3 дарсад иҷро шудааст.

 Вай таъкид кардааст, бо ин вуҷуд бар асоси гузориши Вазорати молия миқдори маош ва дастмузди ақибафтода дар ин кишвар ба 11 миллион сомонӣ расидааст, ки иллати он иҷро нашудани барномаи пардохти молиёт аст.

Ҳамчунин тайи 9 моҳи соли ҷорӣ 32 шаҳру ноҳия дар Тоҷикистон барномаи пардохти молиётро иҷро накардаанд.

Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, пас аз таҳқиқ ва баррасии Вазорати молия аз вазоратхонаҳо, идорот ва созмонҳои давлатӣ мушаххас шуд, тайи 9 моҳи имсол 14 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ихтилос ва тахаллуфоти молӣ ба вуқуъ пайваста аст.

 Аз ин рӯ, бо талоши кормандони ин вазоратхона маблағи 10 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба унвони хисорати ворида ба ҳисоби будҷа ва марокизи давлатӣ бозгардонида шудааст.

Ҳамчунин дар 9 моҳи ибтидои имсол 15 тавофуқнома барои дарёфти қарз ва 11 тавофуқномаи муштараки сармоягузорӣ бо ниҳодҳои молӣ ва кишварҳои хориҷӣ имзо шудааст, ки 131 миллион доллари он кумакҳои билоиваз ва 393 миллион доллар низ дар қолаби қарз аст.