Тоҷикистон мизбони дабири Шӯрои амнияти Русия
(last modified Sat, 28 Oct 2017 06:30:35 GMT )
Октябр 28, 2017 11:30 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон мизбони дабири Шӯрои амнияти Русия

Дабир Шӯрои амнияти Русия барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомҳои Тоҷикистон дар охирин рӯзи октябр ба Душанбе сафар хоҳад кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Николай Петрушов дар ин сафари дурӯза бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, Абдураҳим Қаҳҳоров, ҳамтои тоҷикистонӣ ва дигар масъулон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

 Қарор аст дар ин дидорҳо дар бораи авзои амниятии Афғонистон ва марзи муштараки ду кишвар, мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамкориҳои амниятии Маскав ва Душанбе баҳсу табодули назар шавад.

Ахиран Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар дидор бо Владимир Ҷумъахонов, ҳамтои қазоқистонии худ мавзӯоте ҳамчун мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва авзои амниятӣ дар марзи муштараки Афғонистон ва Тоҷикистонро баррасӣ карда буд.

Чанде қабл низ артишбуд (генерал армии) Сергей Шойгу, вазир дифои Русия дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд дар шаҳри Душанбе, бо мақомҳои Тоҷикистон дидор карда буд.

Ҳамкориҳои фанниву низомии Маскав ва Душанбе, кумак ба Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм ва тақвияти марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон аз ҷумлаи масоиле буд, ки дар ин дидорҳо мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирифта буд.