Октябр 28, 2017 15:24 Asia/Dushanbe
  • Арзаи китобҳои адибони тоҷик дар Самарқанду Бухоро

Муовини Ожонси интишороти Узбакистон дар дидор бо Шамсуддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, аз фурӯши китобҳои адибони тоҷик дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро хабар дод.

Мизроб Мавлонов эълом кард, Тошканд хоҳони фурӯши китобҳои адибони тоҷик дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухорост ва дар муқобил моил аст китобҳои ӯзбакӣ ҳам дар Тоҷикистон дар маърази фурӯш қарор гирад.

 Фурӯши китобҳои адибони тоҷик дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро аз мавзӯоте буд, ки солҳои тӯлонӣ фарҳангиёни тоҷик барои амалӣ шудани он талош мекарданд.

Сард будани равобит байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар замони раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов боис шуд то дар ин кишвар китобҳои адибони тоҷик мунташир нашавад.

Дар пайи беҳбуди равобити ду кишвар, ин нахустин бор аст, ки Узбакистон мехоҳад китобҳои адибони тоҷикро дар ин кишвар дар маърази диди мардуми алоқаманд қарор диҳад.

Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон қасд дорад барои тавсеаи ҳамкории адабӣ миёни ду кишвар, бо созмони адибони Узбакистон дар Тошканд тавофуқномаи ҳамкории ҷадиде имзо кунад.