Пойтахти Тоҷикистон мизбони Конфронси вазирони Созмони иқтисодии Осиёи Марказӣ
Шонздаҳумин Конфронси вазирони Созмони ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ рӯзи ҷумъа дар шаҳри Душанбе бо ҳузури мақомоти созмонҳои байналмилалӣ оғоз ба кор кард.
Дар ин конфронси руасои созмонҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ аз ҷумла Бонки тавсеаи Осиё, Бонки тавсеаи исломӣ, барномаи тавсеаи Созмони милал, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки сармоягузории осиёии зерсохтҳо, Бонки тавсеаи Авруосиё, Комиссияи Аврупо, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони милал дар умури Осиё ва Уқёнуси ором, Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ҳузур доштанд.
Ҳамчунин коршиносоне аз ҷумҳурии Озарбойҷон ва кишварҳои Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Туркманистон, Узбакистон, Амрико, Ҷопон ва Англия дар Иҷлоси Душанбе ширкат карданд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ширкат дар маросими оғози ин иҷлос, таи изҳороте бар зарурати тақвияти стратегияи иқтисодӣ ва низ авлавиятҳои кишварҳои минтақа барои найл ба тавсеаи низоми ҳамкории кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва низ нақши Конфронси вазирони Созмони ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ барои расидан ба ин аҳдоф таъкид кард.
Созмони ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли 1997 бо ҳадафи ҳамкориҳои минтақаии иқтисодӣ дар ҷиҳати эҷоди сохтори содирот ва эҷоди созукори зерсохтӣ барои хутути интиқоли энержӣ ва низ кумак ба эҷоди тасҳилоти гумрукӣ барои тавсеаи равобити тиҷоратӣ ва бозаргонии кишварҳои узв ташкил шуд.
Таи ин муддат кишварҳои узв борҳо дар бораи фурсатҳои сармоягузорӣ ва тадвини барнома ва стратегияи ҳамкориҳои иқтисодӣ бавижа дар заминаи тиҷориву гумрукӣ аз ҷумла ҳамкорӣ дар заминаи энержӣ нишастҳои мухталифе баргузор кардаанд. Аммо таи ҳамаи ин нишастҳо як ҳалқаи мафқуда барои тавсеа ва иҷрои барномаҳо ва аҳдофи таъини ин созмон вуҷуд дошт .
Дар воқеъ, набуди сармояи лозим барои амалиётӣ кардани тарҳҳои зерсохтӣ, ки метавонист санги бинои расидан ба аҳдофи таъиншуда ва низ тавсеаи ҳамкориҳои ҷамъии аъзои ин созмон бошад, ҳалқаи гумшудаи тавфиқи коркарди ин созукори минтақаӣ буд .
Акнун аммо шаҳри Душанбе дар шароите мизбонии шонздаҳумин Конфронси вазирони Созмони иқтисодии Осиёи Марказиро бар уҳда гирифтааст, ки руасои ниҳодҳо ва созмонҳои матраҳу муҳими байналмилалӣ дар ин иҷлос ҳузур доранд. Зимни инки Бонки тавсеаи Авруосиё, Комиссияи Аврупо, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони милал дар умури Осиё ва Уқёнуси ором ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат низ руасо ва намояндагони аршади худро ба Иҷлоси Душанбе эъзом кардаанд. Мавзуе, ки ба худии худ нишондиҳандаи зарурати эҳёи иқтисоди кишварҳои узв ва албатта ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аст.
Аҳаммияти ин мавзуъ низ дар ин нукта наҳуфтааст, ки фақри муфрати ҳоким бар ҷавомеи кишварҳои ин минтақа, амалан сабаби тамоюлоти умумӣ ба адабиёти ифротгароӣ ва такфирӣ шудааст.
Ҳузури намояндагони анбуҳи ниҳодҳои молӣ ва пулии минтақаӣ ва байналмилалӣ ва низ коршиносони кишварҳои узв дар Нишасти Душанбе дар ҳамин чаҳорчуб қобили таҳлилу арзёбӣ аст.
Аммо инки баргузории ин қабил нишастҳо ва нусхаҳои амалии ниҳодҳои молӣ барои ҳалли муъзалоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятии кишварҳои узви конфронс то чи ҳад роҳгушо хоҳад буд, суолест, ки посухи онро бояд дар пайбандии ниҳодҳои молӣ дар кумак ба эҳёи иқтисодии кишварҳоси узв ва низ пайбандии аъзои ин конфронс ба тааҳҳудоти созмонии худ барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии ҷамъӣ ҷустуҷу кард .