Номи Кабирӣ дар феҳристи Полиси байналмилал вуҷуд надорад
(last modified Mon, 30 Oct 2017 05:00:17 GMT )
Октябр 30, 2017 10:00 Asia/Dushanbe
  • Номи Кабирӣ дар феҳристи Полиси байналмилал вуҷуд надорад

Номи раиси Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон аз феҳристи афроди таҳти таъқиби Полиси байналмилал (Интерпол) ҳазф шудааст.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, баррасии феҳристи афроди таҳти таъқиби Полиси байналмилал нишон медиҳад, ки исми Муҳиддин Кабирӣ миёни афроди таҳти таъқиби ин ниҳод қарор надорад.

Ҳамчунин исми Муҳиддин Кабирӣ дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мушоҳида намешавад.

Бар асоси ин гузориш, то ба ҳол мушаххас нест, ки ҳазфи номи раиси Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон аз феҳристи афроди таҳти таъқиби Полиси байналмилал ба маънии поёни ҷустуҷӯи вай аст ё дар ин маврид мулоҳизоти дигаре вуҷуд дорад.

Сайти “Ахбор” як моҳ қабл эълом карда буд, ки дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Полиси байналмилал аз Тоҷикистон танҳо исми Муҳиддин Кабирӣ боқӣ монда, бақияи ашхос ҳазф шудаанд.

 Интерпол ба дархости мақомоти Тоҷикистон исми Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии ин кишварро ба унвони фарди таҳти таъқиб дар ин ҷумҳурӣ ба иттиҳоми иртибот бо терроризм дар соли 2016 ба феҳристи хеш шомил карда буд.

Кабирӣ дар моҳи марти соли 2015 пас аз он ки ҳизбаш натавонист дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон намояндаеро ба маҷлиси қонунгузории ин кишвар бифиристад, аз ин ҷумҳурӣ хориҷ шуду ба Аврупо рафт.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии ин кишварро ба иттиҳоми иртибот бо шӯриши генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон мамнуъ карданд.

 Ин иттиҳом, ки ҳамвора Ҳизби наҳзати исломӣ онро рад кардааст, муҷиби боздошт, зиндон ва фирори теъдоди зиёде аз масъулону аъзои ин ҳизб шуд.