Октябр 30, 2017 11:32 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши дархости паноҳандагии тоҷикон дар Аврупо

Гурӯҳи байналмилалии буҳрон аз афзоиши дархости паноҳандагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ибрози нигаронӣ кардааст.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, дар гузориши ин гурӯҳ таъкид шудааст, ки танҳо дар соли 2016 беш аз се ҳазору 230 шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дархости паноҳандагӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо солҳои қабл афзоиши қобили мулоҳизае доштааст.

Дар соли 2015 ин теъдод як ҳазору 160 нафар ва дар соли 2014 ба 605 нафар буд.

Афзоиши фишор ба аъзову фаъолони аҳзобу гурӯҳҳои сиёсии мухолифи давлат дар дохили Тоҷикистон ва ташдиди буҳрони иқтисодӣ дар Русия аз муҳимтарин омилҳои афзоиши дархости паноҳандагии тоҷикон дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоб меояд.

Коршиносони масоили сиёсӣ паноҳандагони тоҷикистонӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро ба се даста тақсим мекунанд, ки дастаи нахустро коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ва касоне, ки дар дохили Тоҷикистон бар асари фишори молиётӣ ва авомили дигар варшикаста шудаанд, ташкил медиҳад.

Гурӯҳи дувуми афроди мазҳабӣ назири пайравони фирқаи “Салафия” ҳастанд, ки фаъолияти онон дар дохили Тоҷикистон мамнуъ шудааст ва гурӯҳи сеюмро паноҳандагони сиёсӣ, аз ҷумла аъзову ҷонибдорони Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи - 24 ташкил медиҳанд, ки бо хатари боздошту зиндонӣ шудан дар дохили Тоҷикистон рӯбарӯ ҳастанд.

Гурӯҳи байналмилалии буҳрон муътақид аст, ки афзоиши дархости паноҳандагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо муҷиби шиддат ёфтани мушкили муҳоҷирон ва паноҳандагон дар Аврупо хоҳад шуд.