Октябр 30, 2017 21:24 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти сафири Эрон ба муносибати даргузашти донишманди тоҷик

Ҳуҷаттуллоҳи Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёми таслияти худ даргузашти профессор Худоӣ Шариф, донишманди фарзонаи тоҷикро мояи таассуфу таассури ҳамагон хонд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, дар ин паём омадааст: Ин устоди бузургвор дар тӯли ҳаёти 80 солаи пурхайру баракаташ, сарманшаи хадамоти фаровоне ба фарҳангу забони муштаракмон буд .

Фағонӣ таъкид кардааст: Осору ёдгорҳои арзишманди он андешманди бузург ҳамвора дар байни фарҳехтагони ҳамзабони кишварҳои Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди таваҷҷуҳу истиқбол қарор доштааст .

Ӯ дар идома профессори тоҷикро марде шариф донист, ки ба рағми касолат то вопасини дами ҳаёт бо сафорати Эрон дар иртиботу муровида буд ва аз ҳеч талоше барои эътилои фарҳангу забони муштарак фуругузор набуд .

Сафири Эрон фиқдони он устоди бузург ва узви Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба хонаводаи гаронқадр, ҷомеаи илмӣ ва донишгоҳӣ, давлат ва миллати шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи сокинони Эрони фарҳангӣ таслият гуфт .