Октябр 31, 2017 13:04 Asia/Dushanbe
  • Алоқаи Афғонистон ба афзоиши муомилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистон

Давлати Афғонистони тарҳи созишномаи ҷадиди нақлиёт бо Тоҷикистонро барои баррасӣ ба Душанбе ирсол кард.

Ба нақл аз Спутник, Саидвалӣ Султон, муовини вазири нақлиёти Афғонистон гуфтааст, ки Кобул умедвор аст, ҳамкориҳои тиҷориро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бо истифода аз қаламрави Тоҷикистон афзоиш диҳад .

Ин мақоми давлати Афғонистон эътироф кардааст, ки идомаи ноамнӣ дар кишвараш монеи ҷиддӣ дар роҳи густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ бо Тоҷикистону ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аст .

Дар Тоҷикистон низ эътиқод бар ин аст, мушкили набуди амният дар масири интиқоли коло ба Афғонистон муҷиби даст кашидани ронандагони тоҷик аз сафар ба ин кишвар мешавад, зеро дар қаламрави вилоятҳои Қундуз, Тахор ва Бағлон борҳо ба мошинҳои боркаши Тоҷикистон ҳамла шуда, ки нишон медиҳад сафар ба Афғонистон хатарнок аст .

Қубод Раҳимов, коршиноси умури нақлиёти Осиёи Марказӣ мегӯяд, ронандагони тоҷик колои тиҷориро то марзи Афғонистон мунтақил мекунанд ва интиқоли коло дар дохили қаламрави Афғонистон бар уҳдаи ронандагони афғон аст, ки дар мавориде ҳадафи ҳамалоти гурӯҳҳои мусаллаҳ қарор мегиранд .

Ба гуфтаи Раҳимов, тамаъҷуӣ ва зӯргирии гурӯҳҳои мусаллаҳ аз ронандагони афғон низ муҷиби афзоиши қобили мулоҳизаи қиммати коло мешавад, ки аз нигоҳи иқтисодӣ ба сарфа нест .