Оғози таблиғот дар бораи мамнуияту маҳкумияти ришвахорӣ дар Тоҷикистон
Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон бо насби эъломияҳое дар васоили ҳамлу нақли умумӣ дар шаҳри Душанбе, ба мамнуияту маҳкумияти ришвахорӣ пардохтааст.
Ба гузориши ТОП ТҶ, дар ин эъломияҳо таъкид шудааст, додану гирифтани ришва ҳар ду ҷурм аст ва метавонад муҷиби маҳкумият ба зиндон шавад.
Ин ниҳод аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар сурати мушоҳидаи ҳар навъ талоши кормандони идороту ниҳодҳои давлатӣ барои дарёфти ришва, бо шумораи телефони вижа ва сомонаву адреси Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар тамос бигиранду мавридро итилоъ диҳанд.
Таблиғот дар бораи паёмадҳои додану гирифтани ришва аз сӯйи Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дар ҳоле оғоз шудааст, ки теъдоди зиёде аз шаҳрвандони ин кишвар муътақиданд, бидуни пардохти ришва ба кормандони идороту ниҳодҳои давлатӣ, кори онон ба ҷойи ҳал шудан дар як рӯз, метавонад моҳҳо тӯл бикашад.
Фаромарз Раҳмонзода, сухангӯи Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон гуфтааст, ҳадаф аз роҳандозии ин навъ таблиғот, огоҳсозии ҷомеа аз паёмадҳои ногувори додану гирифтани ришва аст.
Ба гуфтаи вай, мардум, созмонҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ метавонанд дар мубориза бо ин падидаи нангин ба давлат кумак кунанд.
Дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои додану гирифтани ришва аз панҷ то ҳафт соли зиндон таъйин шудааст ва танҳо афроде аз ин муҷозот мустасно ҳастанд, ки қабл аз пардохти маблағи дархостии кормандони идороту созмонҳои давлатӣ, мавридро ба Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар итилоъ дода бошанд.
Бар асоси гузориши Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар бораи фосидтарин идороту ниҳодҳои давлатӣ дар ин ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ бо 100 маврид, Вазорати маориф ва илм бо 90 маврид ва кормандони Идораи бозрасии автомобилӣ бо 25 маврид дар ҷойгоҳи аввал то сеюм қарор гирифтаанд.