Лағви муҷаввизи фаъолияти ду муассисаи моливу эътиборӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 01 Nov 2017 06:33:13 GMT )
Ноябр 01, 2017 11:33 Asia/Dushanbe
  • Лағви муҷаввизи фаъолияти ду муассисаи моливу эътиборӣ дар Тоҷикистон

Бонки Миллии Тоҷикистон муҷаввизи фаъолияти ду муассисаи молиро лағв кард.

Ба гузориши “Спутник”, Бонки Миллии Тоҷикистон эълом кардааст, муҷаввизи фаъолияти ду муассисаи молӣ ва эътибории мавсум ба “Дурнамои деҳоти Рӯдакӣ” ва “Фермер” барои анҷоми умури молӣ бекор мешавад.

Ҳарчанд ин бонк иллати лағви муҷаввизи фаъолияти ин ду муассисаро эълом накардааст, аммо эътироф доштааст, комиссияи вижае ба дархости муштариён ва ҳисобу китоби онон расидагӣ хоҳад кард.

Тайи се соли ахир ба иллати ташдиди буҳрони молӣ ва коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, наздик ба 20 муассиса молӣ ва эътиборӣ ва ду бонки “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” варшикаста ва муҷаввизи фаъолияти онҳо аз сӯйи Бонки Миллии Тоҷикистон бекор шудааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл расонаҳои хабарии Тоҷикистон аз эътои муҷаввизи фаъолият ба бонки ҷадиди мавсум ба “Коммерсантбонк” дар ин кишвар хабар доданд.

Бар асоси муҷаввизи Бонки Миллии Тоҷикистон, ин бонки ҷадид аз ҳаққи анҷоми муомилоти молӣ ба сомонӣ (воҳиди пули миллии Тоҷикистон) ва арзҳои хориҷӣ бархурдор хоҳад буд.

Аз сӯйи дигар, бо ҳимояти молии Бонки Олмон дар Тоҷикистон, Сандуқи сармоягузорӣ барои кумак ба муассисоти қарзии хурд, фаъолони бахши хусусӣ, корофаринон, рустоиён ва кишоварзон фаъолияти худро оғоз кард.