Раиси ҷумҳурии Туркманистон вориди Душанбе шуд
(last modified Thu, 02 Nov 2017 08:11:10 GMT )
Ноябр 02, 2017 13:11 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Туркманистон вориди Душанбе шуд

Раиси ҷумҳурии Туркманистон имрӯз, панҷшанбе вориди шаҳри Душанбе шуд ва мавриди истиқболи ҳамтои тоҷики худ қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Миллати шаҳри Душанбе ба гармӣ аз Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов истиқбол кард.

Дар ҳангоми вуруди Бердимуҳаммедов ба Фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе низ мақомоти баландпояи давлати Тоҷикистон аз ӯ истиқбол карданд.

Мулоқоти хусусии Бердимуҳаммедов ва Раҳмон ва музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Туркманистон аз барномаҳои ин сафар эълом шудааст.

Интизор меравад дар ин сафар чанд санади дуҷониба байни Тоҷикистону Туркманистон барои густариши ҳамкориҳои ду кишвар ба имзо расад.

Раиси ҷумҳурии Туркманистон баъди зуҳри имрӯз дар Маҷмаи Ваҳдати Миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон ҳузур хоҳад ёфт.

Ин чаҳорумин сафари расмии Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон дар 9 соли раёсати ҷумҳурии ӯ аст.