Имзои 13 санади ҳамкорӣ раҳоварди сафари Бердимуҳаммадов ба Душанбе
Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе дидор ва 13 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф имзо карданд.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон, ки барои як сафари дурӯза ба Тоҷикистон сафар кардааст, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар дидору гуфтугӯ кард .
Раисони ҷумҳури ду кишвар дар ин мулоқот, вазъияти феълӣ ва дурнамои тавсеаи таомулоти миёни ду кишвар ва масоили муҳими байналмилалӣ ва минтақаиро мавриди баҳсу табодули назар қарор доданд .
Дар ин дидор тарафайн аз сатҳи пойдор ва мусбати ҳамкории миёни Душанбе ва Ишқобод дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, башардӯстона ва соири ҷиҳот изҳори ризояту таъкид карданд, ки дӯстӣ, бародарӣ ва эҳтироми мутақобил усули асосии тавсеаи ин муносибот ба шумор меравад .
Раҳмон ва Бердимуҳаммадов дар идома бар тамоюли ду кишвар ҷиҳати таҳкими бештари мушорикати дуҷониба бо дар назар гирифтани манофеи тарафайн таъкид карданд .
Сарони ду кишвар ҳамчунин бар зарурати тақвияти бештари равобити муштараки Тоҷикистону Туркманистон дар созмонҳои байналмилалӣ, ки ҳар дутараф узви он мебошанд, ишора карданд .