Ноябр 03, 2017 20:47 Asia/Dushanbe
  • Размоиши низомии СПАД дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Раиси Ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз баргузории охирин размоиши нерӯҳои низомии кишварҳои узви ин созмон дар Тоҷикистон дар соли 2017 хабар дод.

Анатолий Сидоров, раиси Ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ эълом кард, аз 10 то 20 ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон размоиши нерӯҳои низомии кишварҳои узви ин созмон баргузор мешавад. Сидоров ин суханонро дар поёни нишасти Кумитаи низомии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар шаҳри Брести Белорусия изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар ин размоиш ширкати панҷ ҳазор низомӣ аз кишварҳои узви СПАД барномарезӣ шудааст. Ин масъули баландпояи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар идома афзуд, дар тамриноти низомие, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад, таҷҳизоти зиёди низомӣ, ҳавопаймоҳои ҷангӣ, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва таҷҳизоти мушакандоз мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Сидоров дар поёни суханонаш тасреҳ кард, ки ин размоиш дар панҷ пойгоҳи низомии воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад ва охирин даври тамриноти низомии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 2017 хоҳад буд.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ соли 1992 бо мушорикати кишварҳои Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон ташкил шуд. Ин кишварҳо дар соли 2002 тасмим гирифтанд, ин созмонро ба як эътилофи низомӣ табдил диҳанд. Аммо баъдтар кишварҳои Гурҷистон, Озарбойҷон ва Узбакистон аз он ҷудо шуданд. Ин созмон дувуми декабри соли 2004 ба унвони узви нозир дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Аҳдофи ташкили ин созмон маҳдуд кардани заминаи густариши НАТО ва нуфузи Амрико дар ҳавзаи кишварҳои ҳамсоя аст, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва коҳиши тавони сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии Федератсияи Русия ба манзури муттаҳид нигаҳ доштани собиқ кишварҳои узви иттиҳод ва боло бурдани зарфиятҳои низомию сиёсии онҳо эҷод шудааст.