Август 17, 2016 18:36 Asia/Dushanbe
  • Худкифоии Тоҷикистон дар заминаи тавлиди семент

Тоҷикистон соли 2016 дар заминаи тавлиди семент худкифо шуда, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 80 ҳазор тонна ин маводи сохтмониро ба хориҷ содир кардааст.

Расонаҳои маҳалӣ бо такя ба иттилооти Ожонси омори Тоҷикистон менависанд, ки дар ҳафт моҳи соли 2016, Тоҷикистон беш аз 79 ҳазор тонна семент ба Қирғизистон ва Афғонистон содирот намудааст.

Ин манобеъ меафзоянд, ки тайи ду соли ахир бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои нави тавлиди семент, Тоҷикистон ниёзмандиҳои дохилии хешро ба ин маводи сохтмонӣ таъмин карда, ҳамзамон зарфияти содироти семент ба хориҷ аз ин кишварро низ пайдо кард.

Ба иттилои Вазорати саноат ва фановариҳои навини Тоҷикистон, феълан дар ин кишвар 19 корхонаи тавлиди семент вуҷуд дорад, ки ин корхонаҳо дар 7 моҳи соли ҷорӣ наздики 1 миллиону 40 ҳазор тонна семент истеҳсол кардаанд. Мизони сементи тавлидшуда дар ин муддат дар қиёс ба давраи мушобеҳи соли 2015, наздики 250 ҳазор тонна зиёд будааст.

Шавкат Бобозода, вазири саноат ва фановариҳои навини Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод таъкид кард, ки сементи тавлидшуда дар ин кишвар кайфияти боло ва қимати муносиб дошта, дар бозори минтақа рақобатпазир аст.

Бояд гуфт, ки нахустин маҳмулаҳои сементи тавлидшуда дар Тоҷикистон моҳи январи соли ҷорӣ ба Афғонистони ҳамсоя содир шуда буд. Дар ҳоли ҳозир ҳар тона сементи тавлидшуда дар Тоҷикистон бо қимати аз 800 то 850 сомонӣ фурухта мешавад.

Дар ҳоли ҳозир корхонаҳои тавлиди семент дар Тоҷикистон зарфияти онро доранд, ки дар сол то 4 миллион тона семент истеҳсол кунанд.

Дар баробари ин вазорати саноат ва фановариҳои навини Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар охири моҳи ҷорӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи нави тавлиди семент бо зарфияти 1,2 миллион тонна маҳуслот дар сол, мавриди баҳрабардоӣ қарор мегирад.

Ба гуфтаи коршиносони умури иқтисод, арсаи истихроҷи ангишт ва тавлиди маводи сохтмонӣ аз ҷумла семент, метавонад ба афзоши тавлидоти маҳсулоти нохолиси Тоҷикистон дар солҳои наздик мусоидат кунад.

Бештари корхонаҳои тавлиди семент дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони чинӣ бунёд шуда, ҳамзамон ин корхонаҳои азим аз ангишт ҳамчун маводи сухт истифода мекунанд.

Бар асоси омори Вазорати саноат ва фановариҳои навини Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ то кунун дар ин кишвар 700 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбати давраи мушобеҳи соли 2015-ум 224 ҳазор тонна зиёд аст.