Ноябр 04, 2017 12:33 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи буҷети давлати Тоҷикистон барои соли 2018

Вазорати молияи Тоҷикистон аз афзоиши бахши даромади буҷети давлати ин кишвар барои соли 2018 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми умумии буҷети давлати ин кишвар дар соли 2018 -ум 21 миллиард сомонӣ (муодили ду миллиарду 200 миллион доллар) пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо буҷети имсол наздик ба 200 миллион доллар бештар аст.

Бахши даромади буҷети давлатии ин кишвар ҳам барои соли 2018-ум 20 миллиарду 643 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, ки дар муқоиса бо буҷети имсол ҳафтуним дарсад бештар аст.

Ҳамчунин бахши ҳазинаи буҷети давлати Тоҷикистон барои соли 2018-ум 20 миллиарду 977 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки касрии он 334 миллион сомонӣ хоҳад буд.

Ба гуфтаи мақомҳои Вазорати молияи Тоҷикистон, касрии буҷет дар соли 2018 ба хотири коҳиши даромадҳои гумрукӣ хоҳад буд, ки ин масъала тайи се соли ахир ҳам мушоҳида мешуд.

Тарҳи буҷети давлати Тоҷикистон барои соли 2018 таҳия ва ба манзури баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар ироа шудааст.

Дар айни ҳол иқтисоддонони тоҷик муътақиданд, афзоиши 200 миллиондолларии бахши даромади буҷети давлати Тоҷикистон барои соли 2018 бори сангине бар дӯши молиётдиҳандагони ин кишвар таҳмил хоҳад кард.

Нуриддин Қайюмов, коршиноси аршади Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва рушди ҷамъияти вобаста ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфтааст, молиёти сангин ба бахши хусусӣ фишор меоварад ва дер кардани ин афрод дар пардохти молиёт, заминаи ақиб афтодани пардохти маошу дастмуздҳо дар ин кишварро фароҳам месозад.