Ноябр 05, 2017 11:07 Asia/Dushanbe
  • Ташкили парвандаи ҷиноӣ барои мудири ширкати ҳирамии “Ҳафт бурҷ” дар Душанбе

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Саидҳомид Маҳмудов, мудири ширкати ҳирами (пирамидаи молӣ)-и мавсум ба “Ҳафт бурҷ” парвандаи ҷиноӣ ташкил дод.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, Маҳмудов аз бастагони Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқи Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Саидҳомид Маҳмудов ва 9 нафар аз ҳамкоронаш муттаҳам ба кулоҳбардорӣ (қаллобӣ) ба маблағи як миллиону 90 ҳазор доллар аз 270 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки ин пулҳо ба ҳисоби шахсии вай дар ҷазираҳои “Сейшел” дар Уқёнуси Ҳинд мунтақил шудааст.

Ҳарчанд ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи мудири ин ширкати ҳирамӣ се сол тӯл кашидааст, вале бо шурӯи пайгириҳои қазоӣ умеди тоза барои бозпасгирии пули шаҳрвандони фиребхӯрда ба вуҷуд омадааст.

Аз сӯйи дигар, додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар соли 2014 шаш нафар аз кормандони аршади ин ширкати ҳирамиро ба иттиҳоми кулоҳбардории молӣ ба ҳашт то 11 соли зиндон маҳкум кард, ки шаҳрвандони фиребхӯрда ҳанӯз муваффақ ба дарёфти маблағҳои худ нашудаанд.

Гуфтанӣ аст, се нафар аз ин муттаҳамон ба хориҷ аз кишвар фирор кардаанд, ки ҷустуҷӯҳо барои дастгирии онон идома дорад.

Сабки фаъолияти ин ширкати ҳирамӣ бар асоси ҷазби муштарии бештар бо додани ваъдаи бозпардохти маблағ бо суди боло буд, ки аз ин тариқ як миллиону 90 ҳазор доллар аз 270 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт ва ба шумораҳисобҳои Саидҳомид Маҳмудов дар ҷазираҳои “Сейшел” мунтақил шудааст.