Пахши барномаҳои радиои узбакии “Садои Маҳалла” дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 07 Nov 2017 05:41:04 GMT )
Ноябр 07, 2017 10:41 Asia/Dushanbe
  • Пахши барномаҳои радиои узбакии “Садои Маҳалла” дар Тоҷикистон

Таи як моҳи ахир сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи пойтахти Тоҷикистон имкон пайдо кардаанд, барномаҳои радиоии мустақили узбакии “Садои Маҳалла”-ро ки аз Тошканд, пойтахти Узбакистон пахш мешавад, бишнаванд.

Ба нақл аз Toptj, ҳарчанд, ки ҳеч қарордоди расмӣ миёни масъулони радио ва телевизионҳои Тоҷикистону Узбакистон дар ин замина имзо нашудааст, аммо сокинони Душанбе ва манотиқи марзии ин кишвар аз рӯи мавҷи FM барномаҳои иҷтимоӣ ва тафреҳии ин радиоро дарёфт мекунанд .

Мақомоти Кумитаи радио ва телевизиони Узбакистон гуфтаанд, ки шояд далели дарёфти барномаҳои ин радиои мустақил дар дохили Тоҷикистон, насби фиристандаҳои қавӣ дар вилояти Сурхондарёи ин кишвар бошад, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст .

Масъулони Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли баррасии ин мавзуъ ҳастанд, чун дар Тоҷикистон иҷозатномаи пахши барномаҳои радиоӣ аз рӯи мавҷи FM танҳо ба 7 шабакаи радиои давлатӣ ва мустақили кишвар ва як шабакаи Русия эъто шудааст ва аз соли 2000 талошу дархости аксари радиоҳои хориҷӣ барои гирифтани иҷозатномаи пахши барномаҳояшон аз рӯи ин амвоҷ ба ҷое нарасидааст .

Ба эътиқоди коршиносон, яке аз далоили иҷозатнома надодани ҳукумати Тоҷикистон ба радиоҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои пахши барномаҳои ин шабакаҳо аз рӯи мавҷи FM ҷилавгирӣ аз таблиғоти сиёсии ин расонаҳост .