Конфронси байналмилалии нақлиёт дар Душанбе баргузор мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i25253-Конфронси_байналмилалии_нақлиёт_дар_Душанбе_баргузор_мешавад
Қарор аст, таи рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа 9 ва 10 ноябр дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон Конфронси байналмилалии нақлиёт баргузор шавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 07, 2017 11:22 Asia/Dushanbe
  • Конфронси байналмилалии нақлиёт дар Душанбе баргузор мешавад

Қарор аст, таи рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа 9 ва 10 ноябр дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон Конфронси байналмилалии нақлиёт баргузор шавад.

Ба нақл аз Авесто, ҳамзамон бо ин нишаст Конгресси роҳсозони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ доир хоҳад шуд .

Қарор аст, ҳудуди 300 нафар аз мақомоти расмии бахши нақлиёти кишварҳои Шӯравии собиқ ва хориҷ аз он шомили вазирони нақлиёт ва роҳ ҳамчунин коршиносони ин бахш дар ин нишаст ширкат кунанд .

Тадорукоти баргузории Конфронси байналмилалии нақлиёт дар Душанбе бар уҳдаи котиботи Шӯрои байнидавлатии роҳсозон аст, ки раёсати онро доктор Бурӣ Каримов, вазири собиқи роҳи Тоҷикистон бар уҳда дорад .