Тавофуқи Ӯзбакистону Тоҷикистон барои азсаргирии содироти газ
(last modified Wed, 08 Nov 2017 05:27:55 GMT )
Ноябр 08, 2017 10:27 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Ӯзбакистону Тоҷикистон барои азсаргирии содироти газ

Мақомоти Тошканд ва Душанбе бар сари содироти муҷаддади гази Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, даври дувуми музокироти содироти муҷаддади гази Ӯзбакистон ба Тоҷикистон дирӯз бо ҳузури мақомоти аршади ду кишвар дар Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон баррасӣ шуд.

Дар ин музокирот қимати ҳар ҳазор метри мукааб гази табиӣ барои Тоҷикистон ҳудуди 150 доллар эълом шуд.

Қимати гази Тошканд ба Душанбе дар соли 2011-и мелодӣ 370 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб буд.

Намояндаи ширкати “Тоҷик Транс Газ” бо таъйиди ин хабар гуфт, тарафи тоҷикӣ то охири моҳи ҷорӣ (ноябр) қимати эъломшударо баррасӣ ва ниёзи Тоҷикистон ба гази табиии Ӯзбакистонро эълом мекунад.

Олимҷон Раҳимов гуфт, дар сурати мувофиқат дар моҳи декабр ду кишвар дар Тошканд санади ҳамкорӣ имзо мекунанд.

Пеш аз ин Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар марҳалаи нахуст метавонад гази табииро барои корхонаҳои санъатӣ дар ҳаҷми 350 то 800 миллион метри мукааб дар тӯли як сол харидорӣ кунад.

Мақомоти тоҷик ба иллати қатъи гази Ӯзбакистон дар соли 2012 маҷбур шуданд сӯхти масрафии бисёре аз ширкатҳои бузурги саноатии ин кишварро аз гази табиӣ ба ангишт тағйир диҳанд.

Тайи солҳои ахир Тоҷикистон борҳо талош кард то музокирот дар ин заминаро бо тарафи ӯзбак азсар бигирад, аммо Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии пешини Ӯзбакистон бо ҳар баҳонае чунин пешниҳодотеро рад мекард.