Ҷилавгирӣ аз қочоқи коло дар шимоли Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i25294-Ҷилавгирӣ_аз_қочоқи_коло_дар_шимоли_Тоҷикистон
Мақомоти гумруки Тоҷикистон дар вилояти шимолии Суғд аз иқдоми як табааи ин кишвар барои қочоқи коло аз Қирғизистон ҷилавгирӣ карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 08, 2017 12:15 Asia/Dushanbe
  • Ҷилавгирӣ аз қочоқи коло дар шимоли Тоҷикистон

Мақомоти гумруки Тоҷикистон дар вилояти шимолии Суғд аз иқдоми як табааи ин кишвар барои қочоқи коло аз Қирғизистон ҷилавгирӣ карданд.

Дафтари матбуоти Кумитаи гумруки Тоҷикистон дар ташреҳи ин хабар эълом кард, дирӯз (сешанбе) кормандони ин кумита аз дохили як комюн (камаз) миқдори зиёде колои қочоқӣ кашфу мусодира карданд.

Арзиши ин бори қочоқӣ беш аз 445 ҳазор сомонӣ баровард шудааст.

Гуфта мешавад, асосан ин колоҳо марбут ба санъати сохтусоз аст.

Омили ин иқдоми хилофи қонун акнун дар боздошт ба сар мебарад ва барои вай парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.