Июл 18, 2016 09:37 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи гардишгарони русӣ барои сафар ба Тоҷикистон

Теъдоде аз гардишгарони русии аҳли вилояти Киров, ки пас аз сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, хотироти худро мунташир кардаанд, ба ҳамватаноншон рафтан ба Тоҷикистон ва Қирғизистонро тавсия карданд.

Ба иттилои сайти kirov-portal.ru, ин афрод дар хотироти худ навиштаанд, дар Тоҷикистон борҳо меҳмони шаҳрвандони ин кишвар шуданд, ки қаблан бо онон ҳеч ошноӣ надоштанд ва мардуми ин кишвар ба гардишгарони русӣ субҳона, наҳор ва шоми ройгон доданд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки бар асоси як бардошти нодуруст дар Русия ба тоҷикон умдатан баунвони коргарони муҳоҷир нигоҳ мекунанд, аммо бояд шаҳрвандони Русия аз тоҷикон ахлоқ ва одоб ва русуми меҳмоннавозӣ, фарҳанг ва бархурди эҳтиромона бо хориҷиҳоро ёд бигиранд.

Аз дидгоҳи ин гурӯҳ аз гардишгарони русӣ замони он фаро расидааст, ки нигоҳи мардуми Русия нисбати тоҷикон тағйир кунад. Аз ин рӯ ба шаҳрвандони Русия тавсия мешавад, ки бо мошинҳои хеш ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар кунанд, зеро дар гузаргоҳҳои марзии ин ду кишвар таи 15 то 20 дақиқа бозрасӣ анҷом мешавад ва маъмурини марзбонӣ ва полис низ барои шумо сафари хуше орзу мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Тоҷикистон таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ аз ҳисоби сафари гардишгарони хориҷӣ ба буҷети давлати ин кишвар беш аз 80 миллион доллар ворез шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қаблӣ 8 миллиону 300 ҳазор доллар бештар аст. Дар ҳоле, ки дар соли гузашта Тоҷикистон аз ҳисоби сафари 463 ҳазору 700 гардишгари хориҷӣ наздик ба 207 миллион доллар даромади молӣ касб карда буд.

Барчасп