Интиқоли ройгони коргарони муҳоҷири саргардони тоҷик аз Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i25313-Интиқоли_ройгони_коргарони_муҳоҷири_саргардони_тоҷик_аз_Русия
Беш аз 1 ҳафта боз муҳоҷирони тоҷики қатораи Маскав - Душанбе, ки дар истгоҳи Оқсарой-1 дар марзи Русия ва Қазоқистон аз қатора фароварда шуда буданд, ба хонаҳояшон баргашта наметавонанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 09, 2017 18:39 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли ройгони коргарони муҳоҷири саргардони тоҷик аз Русия

Беш аз 1 ҳафта боз муҳоҷирони тоҷики қатораи Маскав - Душанбе, ки дар истгоҳи Оқсарой-1 дар марзи Русия ва Қазоқистон аз қатора фароварда шуда буданд, ба хонаҳояшон баргашта наметавонанд.

Ба иттилои Азия-Плюс, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ гуфт, ки КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҳамаи муҳоҷирони дар Оқсарой дармондаро бепул ба ватан бурда метавонад.

Анвар Латифзода, сардори котиботи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” низ гуфтааст, ки ҳамаи ҳамватанони аз қатораҳо фаровардаро бепул то Душанбе мерасонанд. Баъди ҳалли пардохти ҷаримаҳо бо қатораи аввалин онҳо ба ватан фиристода хоҳанд шуд.

Намояндаи сафорат Сарвар Бахтӣ ҳамчунин хабар дод, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид муҳлати маълумотномаҳои додашуда ба шаҳрвандони кишвар ба ивази ҳуҷҷатҳои гумшуда дароз карда мешаванд, то ки онҳо ба Тоҷикистон рафта тавонанд.

Мақомоти идораи полису марзбонии Русия дар 3 маврид 180 нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷикро дар роҳи бозгашт ба кишварашон дар марзи вилояти Астрахан ва Қазоқистон ба баҳонаи нақзи қонуни иқомати Русия аз қатори Маскав–Душанбе пиёда ва боздошт карданд.