Таваққуфи фаъолияти сафҳаи тоҷикии “Озодагон”
(last modified Fri, 10 Nov 2017 16:16:50 GMT )
Ноябр 10, 2017 21:16 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи фаъолияти сафҳаи тоҷикии “Озодагон”

Фаъолияти сафҳаи тоҷикии хабаргузории “Озодагон” мутаваққиф ва кормандонаш ба мураххасии бидуни маош фиристода шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, ба гуфтаи яке аз кормандони ин хабаргузорӣ, аз аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ фаъолияти сафҳаи тоҷикии хабаргузории “Озодагон” мутаваққиф шудааст. Иллати ин иқдом камбуди манобеи молӣ гуфта мешавад. Аммо ҳафтаномаи "Озодагон" рӯзҳои чаҳоршанбе мунташир хоҳад шуд ва сафҳаи русии ин хабаргузорӣ низ ҳамчунон ба фаъолият худ идома  медиҳад.

Хабаргузории “Озодагон” яке аз нахустин хабаргузориҳои мустақил дар Тоҷикистон аст, ки дар соли 2011 муҷаввизи расмии фаъолият дарёфт кард. Масъулони ин хабаргузорӣ мегӯянд, соли 2012 дар Эрон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ муҷаввизи фаъолияти хабарнигорони худро дарёфт кардаанд. Хабаргузории “Озодагон” то соли 2015 таҳлилу матолиби зиёде дар бораи таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону минтақа мунташир мекард.