Ноябр 12, 2017 09:46 Asia/Dushanbe
  • Интишори ду китоб ба поси хадамоти Воҳид Асрорӣ

Интишороти “Истеъдод” дар шаҳри Душанбе ба поси хадамоти устоди марҳум Воҳид Асрорӣ, муассисс Донишкадаи рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ду маҷмӯаро таҳти унвонҳои “Устод Асрорӣ” ва “Пайкари накӯӣ” мунташир кард.

Ба гузориши сойти хабаргузории “Ховар”, ба муносибати 100-умин солгарди вилодати доктор марҳум Воҳид Асрорӣ, ки беш аз 50 соли умри худро вақфи омӯзиши рӯзноманигорон дар Тоҷикстон кардааст, ба ҳиммати шогирдон ва дӯстони вай ин ду маҷмӯа мунташир шуд.

Воҳид Асрорӣ, ҷонбози ҷанги Шӯравӣ алайҳи Олмон буд, ки ҳамзамон бо тадрис дар риштаи рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба таҳқиқ дар бораи гӯишҳои мардумӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар пардохта ва чанд китоб дар ин замина мунташир кардааст. Ба талошҳои вай барои бор нахуст дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Донишкадаи рӯзноманигорӣ ва мутарҷимӣ таъсис шуд ва аксари кормандони матбуот ва радиову телевизиони ин кишвар дар даҳаҳои 1960 то 1990 худро шогирди эшон медонанд.

Дар Тоҷикистон ба поси хадамоти ин донишманд, ҷоизаи беҳтарин рӯзноманигорони ҷавон дар донишгоҳҳои ин кишвар низ таъсис шуда, ки ҳамасола дар рӯзи11 март, “Рӯзи матбуот”-и ин кишвар (11март) эҳдо мегардад.